22 сентябр Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон намоиши дастовардҳои занони ҳунарманд, соҳибкорони шаҳр ва дастоварди бонувон дидан намуд. Дар раванди…
22 сентябр Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон намоиши дастовардҳои занони ҳунарманд, соҳибкорони шаҳр ва дастоварди бонувон дидан намуд.
Дар раванди боздид меҳмонон бо фаъолияти ҳунармандони шаҳри Бӯстон, маҳсули дастони онҳо, корҳои эҷодӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Аз ҷумла, дастовардҳои занону духтароне, ки дар доираи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, грантҳои раиси вилояти Суғд ва грантҳои раиси шаҳри Бӯстон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, муаррифӣ гардиданд.
Иброз шуд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоду малакаҳои онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, дастгирии давлатии занони соҳибистеъдод ва соҳибкор, ҷудо намудани грантҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ба рушди фаъолияти занон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳо ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба маҳсули дастони ҳунармандон ва фаъолияти занони соҳибкор таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз иқдомҳои созанда ва корҳои анҷомдодаи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.