Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ - омили ҳифзи арзишҳои миллӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Дар Конференсия намояндагони…
Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ - омили ҳифзи арзишҳои миллӣ” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар Конференсия намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забони назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи истилоҳоти забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаи давлатии таълимии “Колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва бонувони фаъоли вазорату кумитаҳои дахлдор ва раисони шурои донишгоҳҳо иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш аз ҷумла қайд гардид, ки забони модарӣ бузургтарин сарват, шиносномаи миллат ва пойдевори давлатдории миллии мост. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Забони миллӣ ҳастии миллат аст».
Забони модарии мо забони ноби тоҷикӣ яке аз қадимтарин ва бойтарин забонҳои ҷаҳон буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Он шиносномаи миллат, хишти нахустини пойдевори давлатдорӣ ва омили асосии иттиҳоду ваҳдати мардуми мо мебошад. Маҳз ба василаи ин забони ширин ва шево мо мероси гаронбаҳои ниёгони худро ҳифз намуда, ба авлоди оянда мерасонем.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Забони давлатӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ хизмат намуда, яке аз рукнҳои бунёдии худогоҳиву худшиносии миллӣ ба шумор меравад».
Қабули нахустин Қонуни забон дар таърихи нави Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 як рӯйдоди бузурги сиёсӣ ва сарнавиштсоз маҳсуб меёфт. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳанӯз дар замони шӯравӣ қабул шуда, аввалин қадами ҷиддӣ дар роҳи бедории миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар гардид. Ин қонун салоҳияти ҳуқуқии забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ расмият бахшид ва онро аз хатари маҳдудшавӣ ва канормандӣ ҳифз намуд.
Бо назардошти дигаргуниҳои амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ, зарурати такмили ин ҳуҷҷат ба миён омад. Ба ин тартиб, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки он заминаҳои ҳуқуқии истифода ва рушди забони тоҷикиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боз ҳам устувортар гардонид. Санаи 5-уми октябр расман ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.