Дар вилояти Хатлон озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардид
30 сентября 2026
Дар вилояти Хатлон озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардид
29 сентябр имрӯз дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа,…
29 сентябр имрӯз дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби одоби муносибатҳои оилавӣ ва эҳтироми анъанаҳои неки ниёгон баргузор гардида, дар он хушдоманҳои фаъолу соҳибтаҷриба аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Ҷойи аввал насиби Сайдалиева Аноргул аз ноҳияи Данғара гардид.
Ҷойи дуюм ба ду нафар иштирокчӣ — Қаюмова Султонбӣ аз шаҳри Кӯлоб ва Комилова Шоҳзода аз ноҳияи Муъминобод — дода шуд.
Ҷойи сеюм бошад, ба Ашурова Ёдгорбӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Холова Розия аз ноҳияи Ёвон ва Қазоқова Гулбаҳор аз шаҳри Левакант тақдим гардид.
Дар маросими ҷамъбасти озмун ба ғолибон ва иштирокчиён туҳфаҳо, сипосномаҳо ва дигар мукофотҳо супорида шуда, саҳми онҳо дар таҳкими арзишҳои оилавӣ ва тарғиби фарҳанги оиладорӣ қадрдонӣ гардид.
Баргузории чунин озмунҳо дар самти баланд бардоштани эҳтиром ба нақши занон дар оила ва ҷомеа, тарғиби таҷрибаи зиндагии занони соҳибтаҷриба ва таҳкими муносибатҳои неки байни аъзои оила аҳаммияти муҳим дорад.