Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян шуданд. Озмун бо мақсади таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги оиладорӣ, эҳтироми…
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян шуданд.
Озмун бо мақсади таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги оиладорӣ, эҳтироми калонсолон ва ҳифзу рушди суннатҳои неки миллӣ баргузор гардид.
Дар раванди озмун бонувони соҳибтаҷриба аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ иштирок намуда, маҳорати худро дар самтҳои гуногуни марбут ба фарҳанги оиладорӣ, ҳунарҳои миллӣ ва нигоҳдории суннатҳои мардумӣ нишон доданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун Амонбекова Холбӣ аз шаҳри Хоруғ ба гирифтани Шоҳҷоиза сазовор гардид.
Шакаршоева Отамбегим аз ноҳияи Шуғнон ҷойи якумро соҳиб шуд.
Ҷойҳои дуюмро Рӯзадорова Моҳинав аз ноҳияи Рӯшон ва Суддиқова Розиямо ишғол намуданд.
Мизробова Гулоро аз ноҳияи Роштқалъа ва Саидова Қурбумо аз ноҳияи Ванҷ сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Баргузории чунин озмунҳо дар самти муаррифии нақши арзандаи занон дар таҳкими оила ва ҷомеа, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба ғолибони озмун Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ҷамъбасти озмун бори дигар нишон дод, ки ҳифзи арзишҳои оилавӣ, эҳтироми модарону бонувон ва арҷгузорӣ ба таҷрибаи зиндагии калонсолон яке аз омилҳои муҳими таҳкими ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.