27 сентябр дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
27 сентябр дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша Маркази дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардид.
Марказ бо ташаббуси грантгирандаи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобова Марзия таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Бобова Марзия соли 2025 дар доираи дастгирии соҳибкории занон ва рушди ҳунарҳои миллӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардида, маблағи мазкурро барои таъсиси Маркази дӯзандагӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ равона кардааст.
Дар марказ барои занону духтарони маҳаллӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуда, то имрӯз 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин ҷо онҳо ба дӯзандагӣ, омода намудани либосҳои миллӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд.
Фаъолияти марказ дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз намуд, ки дастгирии ташаббусҳои соҳибкории занон тавассути грантҳои давлатӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази навтаъсис метавонад дар оянда ба яке аз маконҳои муҳими рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши касбу ҳунар барои занону духтарони шаҳри Хоруғ табдил ёфта, барои муаррифии маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ ва ҳифзи суннатҳои миллӣ саҳми арзанда гузорад.