30 сентябр дар ноҳияи Лахш даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ноҳияҳои минтақа баргузор гардида, ҷамъбаст карда шуд. Дар…
30 сентябр дар ноҳияи Лахш даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ноҳияҳои минтақа баргузор гардида, ҷамъбаст карда шуд.
Дар маросими бошукӯҳи ҷамъбасти озмун намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муовини раиси ноҳияи Лахш иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба ҳадафу мақсадҳои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин», баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, таҳкими арзишҳои оиладорӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба калонсолон андешаронӣ намуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди маърифатию фарҳангӣ баргузор гардида, дар он намояндагони ноҳияҳои Лахш, Рашт, Тоҷикобод ва Нуробод фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиёни озмун маҳорати пухтупаз, ҳунарҳои дастӣ, донишу таҷрибаи рӯзгордорӣ, риояи анъанаҳои миллӣ ва дигар ҷанбаҳои фарҳанги оиладориро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.
Бо натиҷагирии озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон Саидова Гулниссо аз ноҳияи Тоҷикобод сазовори ҷойи аввал гардида, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандону ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳияи Лахш омода гардида буд, пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардонида шуд.