Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ бо фаъолони ҷомеа мулоқот намуд. Дар мулоқот иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии…
Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ бо фаъолони ҷомеа мулоқот намуд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, дастгирии ташаббусҳои бонувон ва ҷалби бештари занону духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Гуфта шуд, ки рушди соҳаҳои саноат, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин раванд занон низ саҳми назаррас доранд.
Таъкид гардид, ки беҳтар намудани шароити меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи маоши кормандон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар ин самт маоши кормандон сол ба сол зиёд гардида, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар мулоқот ба масъалаҳои таълиму тарбия, аз синни хурдсолӣ омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақил, омӯзиши касбу ҳунар ва баланд бардоштани маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода таъкид намуд, ки барои занону духтарон ҷиҳати идомаи таҳсил ва интихоби ихтисосу самти фаъолияти минбаъда имкониятҳои гуногун фароҳам оварда шуда, аз ҷумла квотаҳо ва грантҳо барои дастгирии онҳо пешбинӣ гардидаанд.
Дар ин замина, ба дастгирии занону духтарони минтақаҳои кӯҳистон, аз ҷумла бонувони ноҳияи Айнӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Зикр карда шуд, ки занони кӯҳистон дорои ҳунар, малака ва таҷрибаи ғании меҳнатӣ буда, истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда метавонад барои рушди соҳибкорӣ, ҳунармандӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.