Дар шаҳри Роғун бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар чорабинӣ як қатор намояндагони сохторҳои марбута, масъулини мақомоти…
Дар шаҳри Роғун бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ як қатор намояндагони сохторҳои марбута, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолзанон ва иштирокчиёни озмун аз ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳр ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии баргузории ин озмун тарғибу ташвиқи ҳунарҳои анъанавии миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, инчунин ҳавасманд намудани занону бонувон ба нигоҳдорӣ ва рушди суннатҳои кадбонугӣ мебошад.
Иштирокчиён дар ҷараёни озмун маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллии тоҷикӣ, тарзи ороиш ва пешниҳоди дастархони идона намоиш доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Масъулин зимни суханрониҳо таъкид карданд, ки чунин озмунҳо дар баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми муҳим доранд.