Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036" ҳамоиши ҷавонони Кумитаи давлатӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода ва намояндагони Иттифоқи ҷавонони кишвар, ҳамроҳ бо муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хуршед Бобозода аз намоиши дастовардҳо ва таҷҳизоти муосири корхонаву муассисаҳо, инчунин осорхонаи Кумитаи давлатӣ боздид намуданд.
Сипас, дар толори калони Кумитаи давлатӣ чорабинии расмӣ бахшида ба эълон гардидани "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036", ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидааст, барпо шуд.
Сараввал муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хуршед Бобозода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардида, обруву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ сол аз сол боло меравад.
Зикр гардид, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба сулҳ ва ҳамзистии осоишта пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Эълон гардидани "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боз як нишонаи эътирофи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Хуршед Бобозода таъкид дошт, ки ин иқдоми муҳим моро водор месозад, ки дар тарбияи насли ҷавон ҳисси ватандўстӣ, таҳам-мулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги сулҳро боз ҳам таќвият бахшем. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки фазои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва меҳнати созанда мебошад.
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода низ зимни баромади пурмӯҳтавои хеш оид ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавононро зикр намуда, таъкид дошт, ки маҳз туфайли ғамхорӣ ва пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷавонони кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд.
Зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои раќамӣ ҷавонон бояд донишҳои замонавиро аз худ намуда, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиро бештару хубтар аз худ намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои бемисли Пешвои маҳбуби миллат дучанд кору фаъолият намоянд.