ОРИФ ХОҶАЗОДА БО УНВОНИ ФАХРИИ КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН САРФАРОЗ ГАРДИД Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо…
ОРИФ ХОҶАЗОДА БО УНВОНИ ФАХРИИ КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН САРФАРОЗ ГАРДИД
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Сарфарозӣ бо ин мукофоти давлатӣ кулли кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро рӯҳбаланд ва барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолият раҳнамун месозад.
Ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо сипосмандӣ аз Пешвои муаззами миллат аз самими қалб Раиси мӯҳтарам Ориф Хоҷазодаро бо сарфароз гардиданашон бо мукофоти давлатӣ самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хонадони обод ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиву муваффақиятҳо таманно менамоянд.