МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ Имрӯз, 8-уми сентябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи супоридани…
МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Имрӯз, 8-уми сентябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросим намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ - Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадру манзалати меҳнати содиқона ва хизматҳои арзандаи шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Мукофотҳои давлатӣ нишони эҳтиром ва қадршиносии давлат нисбат ба шахсоне мебошанд, ки дар рушди ҷомеа ва пешрафти кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ, собиқадорон ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба як қатор кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳияи Рӯдакӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид.
Бо медали «Хизмати шоиста» барои саҳми арзанда дар пешрафти соҳаҳои гуногун ва фаъолияти содиқона раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода Алиев Аъзам, омӯзгори МТМУ №91-и ноҳияи Рӯдакӣ Гурезов Нурмаҳмад, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Давлатзода Саъбиддин, омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи Рӯдакӣ Тошев Ҳусен, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира, муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Колеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов Шарифзода Шаҳло ва сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов Ҳасанов Бобохон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба директори ҶДММ «Сарчамъ» Тоҳиров Ҷаралӣ тақдим карда шуд.
Супоридани мукофотҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони сарфарозгардида рӯйдоди муҳим ва фаромӯшнашаванда маҳсуб ёфт. Ин қадршиносӣ онҳоро водор месозад, ки минбаъд низ бо масъулияти баланд фаъолияти созандаи худро идома дода, дар ободиву пешрафти Ватан саҳми бештар гузоранд.