ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ XLVIII ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТӢ ОИД БА ГЕОДЕЗИЯ, ХАРИТАСОЗӢ, КАДАСТР ВА МУШОҲИДАИ ФОСИЛАВИИ ЗАМИН Чанд рӯз қабл дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи XLVIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи…
ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ XLVIII ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТӢ ОИД БА ГЕОДЕЗИЯ, ХАРИТАСОЗӢ, КАДАСТР ВА МУШОҲИДАИ ФОСИЛАВИИ ЗАМИН
Чанд рӯз қабл дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи XLVIII Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомоти соҳавии давлатҳои иштирокчии ИДМ, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблӣ, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар давраи байниҷаласавӣ, рушди инфрасохтори маълумоти фазоӣ, ташаккули Геопортали ИДМ, мубодилаи маълумоти геофазоӣ ва татбиқи технологияҳои муосири геоинформатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои геодезия, харитасозӣ, кадастр ва зондкунии фосилавии Замин муҳокима гардида, аз рӯи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки соли 2027 раёсати Шӯрои байнидавлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва баргузории ҷаласаи навбатии XLIX Шӯро дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа барои таҳкими ҳамкории касбӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои соҳавӣ миёни давлатҳои иштирокчии ИДМ аҳамияти муҳим дорад.