ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА ЯК ГУРӮҲ КОРМАНДОН Имрӯз, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба як гурӯҳ кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид.…
ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА ЯК ГУРӮҲ КОРМАНДОН
Имрӯз, бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба як гурӯҳ кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид.
Нахуст муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи сарфароз намудани бо мукофотҳои давлатӣ қироат намуд.
Ҳамин тариқ мудири шӯъбаи корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозии Кумитаи давлатӣ Асадбекзода Манучеҳр, сармутахассиси Раёсати кадастри давлатӣ Рауфӣ Сабзали ва директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе Давлатзода Салим бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Ба ин муносибати онҳоро самимона шодбош мегӯем намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ таманно дорем