ОЗМУНИ КУШОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмуни кушод эълон менамояд: 1. Сардори шуъбаи умумӣ 2.…
ОЗМУНИ КУШОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛӢ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмуни кушод эълон менамояд:
1. Сардори шуъбаи умумӣ
2. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии ҳисоби муҳосибӣ
3. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии давлатии заминҳои шаҳру шаҳракҳо
4. Сармутахассиси бахши таҳияи сиёсати ягонаи замин
5. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии заминҳои кишоварзӣ
6. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии заминҳои шаҳрӣ
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии давлатии заминҳои таъиноти кишоварзӣ
8. Мутахассиси пешбари раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад
9. Мутахассиси пешбари шуъбаи корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ
10. Мутахассиси пешбари бахши таҳияи сиёсати ягонаи замин
11. Мутахассиси пешбари бахши котибот
12. Мутахассиси пешбари фонди давлатии геодезӣ ва харитасозӣ
13. Мутахассиси пешбари бахши банақшагирӣ ва маблағгузории корҳо
14. Мутахассиси раёсати назорати давлатии заминҳои кишоварзӣ
15. Мутахассиси раёсати назорати давлатии заминҳои шаҳрӣ
16. Мутахассиси шуъбаи корҳои топографӣ-геодезӣ, аэрокайҳонӣ ва харитасозӣ
17. Мутахассиси кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе
18. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав
19. Муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳри Роғун
20. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Рашт
21. Сармутахассиси кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ
22. Мутахассиси пешбари кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ
23. Мутахассиси кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав
24. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш
25. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Кушониён
26. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун
27. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон
28. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷ.Балхӣ
29. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Қубодиён
30. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстӣ
31. Муовини раиси кумитаи идораи замини минтақаи Кўлоб
32. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Восеъ
33. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Балҷувон
34. Муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳри Исфара
35. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ашт
36. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳристон
37. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Рушон
38. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Шуғнон
39. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ишкошим
40. Муовини раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Роштқалъа
Андозаи маоши моҳонаи вазифавӣ бе назардошти собиқаи хизмати давлатӣ:
Сардори шуъба - 3739 сомонӣ, сармутахассис – 2780 сомонӣ, мутахассиси пешбар – 2265 сомонӣ, мутахассис – 1862 сомонӣ, муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳия – 2168 то 2279 сомонӣ, сармутахассиси кумитаи идораи замини ноҳия – 2168 сомонӣ, мутахассиси пешбари кумитаи идораи замини шаҳру ноҳия – 1779 сомонӣ, мутахассиси кумитаи идораи замини шаҳру ноҳия – 1612 сомонӣ.
ТАЛАБОТИ ОЗМУН: Таҳсилоти олӣ, муҳандис - заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, агроном, муҳандис-геодезист, геодезия, топографӣ, харитасозӣ, иқтисодчӣ ба мансаби мувофиқ.
Ба озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;
- ариза ба унвони роҳбари мақомот (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсӣ бо 4 донаи расми рангаи 3х4 ва 4х6:
- шарҳи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- маълумот оиди ўҳдадории ҳарбӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ бошад);
- эъломияи андоз аз даромад ва вазъи амвол.
Ариза ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун баъд аз нашри эълон дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ - 50 қабул карда мешавад.
Давраи аввали озмун баъд аз 21 рӯзи чопи нашр баргузор мегардад.
Телефон барои тамос: 227-80-49, 900-46-46-53. Шўъбаи кадрҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон