МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ БО МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА” ҚАДРДОНӢ ШУД Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хуршед Бобозода аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали…
МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТАИ ДАВЛАТӢ БО МЕДАЛИ “ХИЗМАТИ ШОИСТА” ҚАДРДОНӢ ШУД
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хуршед Бобозода аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ, ки имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ба ин муносибат баргузор гардид, ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатӣ Хуршед Бобозодаро бо қадршиносӣ шуданаш бо мукофоти давлатӣ муборакбод намуданд.
Зимни сухани табрикотӣ Раиси Кумитаи давлатӣ иброз дошт, ки фаъолияти пурмаҳсули ҳар як корманд аз ҷониби роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ба таври шоиста қадршиносӣ гардида, чунин дастовард ҳамаи кормандонро водор месозад, ки бо дасту дилу нияти пок софдилона меҳнат намоянд.
Ҷомеаи меҳнатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хуршед Бобозодаро ба муносибати сарфароз гардиданаш бо мукофоти давлатӣ муборакбод намуда, барояш тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои меҳнатиро таманно доранд.