МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ СОҲА ДАР ОСТОНАИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлили ҷашнҳои умумимиллӣ мулоқот бо собиқадрони соҳа ва тақдими…
МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ СОҲА ДАР ОСТОНАИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлили ҷашнҳои умумимиллӣ мулоқот бо собиқадрони соҳа ва тақдими туҳфаҳои идона ба онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Ин навбат, дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода бо собиқадорони соҳа, ки солҳои тӯлонӣ дар Кумитаи давлатӣ фаъолият намуда, айни ҳол давлати пирӣ доранд, мулоқот намуданд.
Зикр гардид, ки бо сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид шуда, айни ташаббуси байналмиллалии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардида, нуфузи кишвари мо сол аз сол зиёд мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот ба собиқадорони соҳа барои фаъолияти пурмаҳсулашон изҳори сипосу миннадорӣ гардида, ба онҳо тӯфаҳои идона тақдим шуданд.