Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Нахуст муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода кулли иштирокдорони чорабиниро бо ин санаи фархундаи умумимиллӣ шодбош намуданд.
Таъкид гардид, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷум-ҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст, бахусус барои мо – кормандони соҳаи идораи замин, геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии амволи ғайриманқул, ифтихори бузург ва масъулияти дучанд аст. Зеро, соли ҷорӣ на танҳо соли пуриф-тихори ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин 30-солагии таъсисёбии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Махсусан таъкид гардид, ки дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин муддати кутоҳи таърихӣ марҳилаҳои вазнинро паси сар намуда, ба кишвари рушдёбанда ва амну осоишта табдил ёфт.
Боиси хурсандиву сарфарозист, ки имрӯз кишвари моро дар ақсои олам мешиносанду эътироф менамоянд.
Имрӯз, вақте ки мо ба ин роҳи тайкарда назар меафканем, метавонем бо сари баланд аз дастовардҳои таърихии кишварамон ва соҳа ифтихор кунем, ки дар пешрафти кор саҳми собиқадорони меҳнат, корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ва кумитаҳои идораи замин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беназир аст.
Маҳз туфайли заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳа, махсусан собиқадорони меҳнат Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ давоми 30-соли фаъолияти пуршараф тавонист ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ноил гардад.
Гуфта шуд, ки маҳз туфайли дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат танҳо давоми 7-8 соли охир 14 бинои нави маъмурӣ, асосан дар ноҳияҳои дурдаст бунёд гардида, як қисми онҳо бо иштироки Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд.
Инчунин, бо дастгирии бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Левакант, Ҳамадонӣ, Ванҷ, Темурмалик, Фархор, Ҷайҳун, Ёвон, Шуғнон, Лахш ва Файзобод биноҳои собиқ филиали бонкҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо ба мувозинаи Кумитаи давлатӣ гузаронида шуданд, ки айни ҳол кормандон дар он фаъолият доранд. Яъне, дар ин муддат кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирӣ дар маҳал дар маҷмӯъ соҳиби 25 бинои нави маъмурӣ гардиданд.