ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 БАРГУЗОР ШУДҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА ОИД БА НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 БАРГУЗОР ШУД
Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор…
Дар толори калони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси Кумитаи давлатӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаи идораи замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва директорони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатӣ – раиси ҳайати мушовара Хоҷазода Ориф Ашўрӣ ифтитоҳ намуд.
Баъд аз тасдиқ гардидани рўзнома ва регламенти кории ҷаласа, оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳисоботи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Пирзода Диловар Атахон шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин назорати истифода ва ҳифзи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда корҳои муайян иҷро гардиданд.
Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рўи гурўҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №224 тасдиқ карда шуд.
Мувофиқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2025 майдони заминҳои партов дар соли ҳисоботӣ 343 гектар, аз ҷумла обӣ 330 гектар нисбат ба ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1-уми январи соли 2024-ум кам шуда, майдони 343 гектар, аз ҷумла обӣ 330 гектар ба заминҳои корам гузаронида шудаанд.
Пешбурди корҳои назоратӣ вобаста ба истифодаи мақсадноку самараноку қитъаҳои замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи давлатӣ буда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 7562 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6918 дастур дода шуд. Нисбати 6792 ҳолатҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 4004105 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 3099864 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 628 мавод ба прокуратура ва 405 адад иҷрочиёни хадамоти иҷро ирсол карда шуда, дар маҳал 5033 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шудааст.
Қонуншиканиҳои ошкоршуда дар самти назорати истифодаи замин дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи заминсозӣ ва ё бо ҷалби онҳо ошкор гардидаанд ва Кумитаи давлатӣ ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо минбаъд низ идома хоҳад дод.
Дар ин давра лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи замин барои давраи то соли 2044 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода гардид.
Ҳамчунин лоиҳаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав омода карда шуд ва боназардошти таклифу пешниҳоди вазорату идораҳо, такмил дода шуда истодааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 72 адад парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идо-раи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид.Аз онҳо баъд аз ташхиси техникӣ бинобар сабаби ҷой доштани камбудиҳо 34 адад парвандаи заминсозӣ бозпас гардонида шуда, 18 адад парванда дар мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад.
Дар самти барўйхатгирии техникӣ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ташкилотҳои минтақавии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миқдори 41 ҳазору 948 адад корҳо ба маблағи 34190675 сомонӣ иҷро карда шудааст, ки аз он 16 ҳазору 830 адад барўйхатгирии техникии асосӣ, 15 ҳазору 267 адад барўйхатгирии техникии ҷорӣ ва 9 ҳазору 851 адад дигар намуди корҳо ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 2 маротиба озмун барои ишғоли 43 мансаби холии маъмурии хизмати давлатии Кумитаи давлатӣ гузаронида шуда, 16 нафар ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд, ки аз онҳо 5 нафар кадрҳои ҷавон ва 1 нафар зан мебошанд.
Дар аттестатсияи навбатӣ 76 нафар фаро гирифта шуданд, аз ин 65 нафар аз аттестатсия гузаштанд, 8 нафар ба аттестатсияи такрорӣ монданд ва 3 нафари дигар аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи 91 миллиону 748 ҳазор сомонӣ корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқулро иҷро намуданд, ки аз он ҳамагӣ 39 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт ва маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷотҳо сарф шуда, музди миёнаи кормандон ба ҳисоби миёна 2582 сомониро ташкил намуд.
Илова бар ин бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №305 "Дар бораи ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иҷрои 12 банд ба зиммаи Кумитаи давлатӣ вогузор гардидааст, ки корбарӣ дар амалӣ намудани ин нақшаи чорабиниҳо идома дошта, айни ҳол бинои маъмурӣ дар ноҳияи Варзоб омода буда, бунёди биноҳои нав дар ноҳияҳои дурдасти Кўҳистони Мастчоҳ ва Сангвор рўзҳои наздик оғоз хоҳанд шуд.
Сипас, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода аз раисони кумитаҳои идораи замини вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, директорони ИДЛЗ “Тоҷикзаминсоз”, ИЛТ “Фазо”, КВД “Фабрикаи харитасозӣ”, раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳристон, Мастчоҳ, Ҳисор, Ваҳдат пурсиш намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда таъмин намудани заминистифодабарандагон, назорати қатъии истифодаи замини хоҷагиҳои ёрирасонии шахсии шаҳрвандон, чарогоҳҳо ва амалӣ намудани чораҳои зарурӣ барои саривақт анҷом додани кишти зироатҳои такрорӣ вазифадор намуданд.