Дар доираи сафари кории раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар Ҷамоати шаҳраки Чорсӯи ноҳияи Муъминобод Маркази дастгирии бонувони ҳунарманд «Чирадаст» мавриди истифода қарор гирифт. Иттилоъ…
Дар доираи сафари кории раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар Ҷамоати шаҳраки Чорсӯи ноҳияи Муъминобод Маркази дастгирии бонувони ҳунарманд «Чирадаст» мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, марказ аз ҷониби ҳунарманд-соҳибкор гирандаи гранти президентӣ дар соли 2023 Гулбарг Боқиева бо маблағи гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ гардидааст, таъсис дода шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи марказ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолзанон, ҳунармандон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Зикр гардид, ки таъсиси чунин марказ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли занон ва дастгирии фаъолияти соҳибкории онҳо мусоидат хоҳад кард.
Зимни боздид аз марказ, ҳунармандон маҳсули эҷоди худро, аз ҷумла чакан, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Раиси Кумита бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуда, ба сифати маҳсулоти омоданамуда баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат бо ҳунармандон Бунафша Файзиддинзода таъкид намуд, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат буда, барои ҳифзи фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии занону духтарон аҳамияти калон дорад. Ӯ иброз дошт, ки занони тоҷик бо истеъдод, маҳорати баланд ва заҳмати содиқонаи худ метавонанд дар рушди иқтисоди оила ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ саҳми назаррас гузоранд.
Раиси Кумита ҳамчунин занону бонувонро ба омӯзиши касбу ҳунар, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллат ҳидоят намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки бо ташаббусҳои созанда дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳунармандон барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори сипос намуда, омодагии худро барои ҳифз ва густариши анъанаҳои миллӣ баён карданд.