Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар якҷоягӣ бо намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзиву зардӯзӣ…
Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар якҷоягӣ бо намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзиву зардӯзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Иқдоми мазкур бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва либоси тоҷикӣ, дастгирии дизайнерҳо, дӯзандаҳо ва ҳунармандон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон роҳандозӣ шудааст.
Ҳамзамон фестивал-озмуни мазкур барои тақвият ба анъанаҳои миллӣ, таблиғ ва муаррифии либоси шинаму зебои тоҷикӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни минтақаҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар фестивал ҳунармандон, тарроҳон, дӯзандагон ва намояндагони соҳаи мӯд аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуда, намунаҳои беҳтарини эҷодиёти худро пешкаши тамошобинон гардониданд. Либосҳои миллӣ аз қабили чакан, атлас, адрас, нақшдӯзиву зардӯзӣ бо тарҳҳои муосир ва унсурҳои анъанавӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллиро бозгӯ мекунанд.
Зимни чорабинӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ меҳмонон имкони шиносоӣ ва харидории ин осори дастиро пайдо намуданд.
Барномаи фарҳангии фестивал бо суруд ва рақсу оҳангҳои миллӣ рангу таровати бештар касб кард.
Зимни баргузории фестивал таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷомеа, дастгирии ҳунармандони ватанӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар фарҷом, беҳтарин иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои гуногун муайян гардида, бо Шоҳҷоиза, Дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Наминатсияҳо :
1) Намоиши либосҳои қадимаи маҳал: