Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Устод Рӯдакӣ» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботию-талвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар баргузории аксия кормандони…
Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Устод Рӯдакӣ» бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботию-талвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
Дар баргузории аксия кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии марқази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон иштирок намуда, дар байни гулҳои рангоранги лола бо либосҳои миллӣ зебоӣ ва ғановати фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ карданд.
Имрӯз, ки ҳифз ва нигоҳдошти либосӣ миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ба воситаи ин гуна ҳамоишҳои дохиливу байналмилалӣ мо метавонем либоси миллиамонро муаррифӣ намоем.
Бояд гуфт, ки аксияи мазкур ҳамасола дар фасли баҳор- дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пеш гирифта мешавад. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ занону гулдухтарон бо либосҳои миллӣ ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт либосҳои тоҷикиро муаррифӣ менамоянд.
Аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Аксияи «Тоҷикона мепӯшем» 1 март оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат иқдом идома дошта, дар доираи он занону духтарон ҳамарӯза либосии миллӣ ба бар менамоянд.