Имрӯз дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои давлатӣ,…
Имрӯз дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони соҳаҳои гуногун, ҳунармандон, тарроҳон ва сокинони пойтахт иштирок намуданд. Дар қисми ифтитоҳи фестивал- озмун муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаинзода Заррина суханронӣ намуда, нақши занонро дар нигоҳдорӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар доираи фестивал намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, атласу адрас ва дигар навъҳои либоси миллӣ баргузор гардид. Ҳунармандон ва тарроҳон маҳсули эҷоди худро ба маърази тамошо гузошта, сатҳи баланди завқу маҳорати худро нишон доданд.
Ҳадафи асосии фестивал баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ, муаррифии санъати волои халқи тоҷик, тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзишҳои фарҳангӣ арзёбӣ гардид.
Фестивал-озмун тибқи талаботи Низомнома аз рӯи якчанд номинатсия баргузор гардида, беҳтарин намунаҳои либоси миллӣ, тарроҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ муайян карда шуданд. Ҳамзамон, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруф ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид.
Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Душанбе бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.