21 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид. Озмун бо мақсади ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани…
21 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.
Озмун бо мақсади ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат ва таомҳои миллӣ ва ҳунари дастархонороӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро иштирок намуда аз дастархони банамоишгузоштаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан намуда ба маҳорати ҳар як кадбону баҳои баланд доданд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро иброз дошт, имсол мардум сарбаланди тоҷик 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар ин соли таърихӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо саривақтӣ буда, мақсад аз баргузории ин озмунҳо густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, донандагон ва пазандагони таъомҳои қадима ва замонавӣ мебошад.
Аз рӯи баҳогузории ҳайати ҳакамон шаҳри Хоруғ сазовори Шоҳҷоиза, ноҳияи Роштқалъа сазовори ҷойи якум, ноҳияи Шуғнон сазовори ҷойи дуюм ва ноҳияи Мурғоб сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардиданд ва ҳамзамон, иштирокчиёни дигари озмун низ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома қадр карда шуданд.