Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ он Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, ва Нақшаи амалии «Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024–2028» доир гардида, ҳадафи он эҳё ва рушди таомҳои миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ва ҷалби занон ба ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи бештари таомҳои миллии азбайнрафта ва муаррифии маҳорату ҳунари кадбонугии занону духтарони тоҷик ба роҳ монда шудааст.
Иштирокчиён аз рӯи як қатор меъёрҳо, аз ҷумла ороиши дастархон, маҳорати пухтупаз, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва муосир, инчунин муаррифии шифоҳии онҳо баҳогузорӣ гардида, беҳтаринҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол соли ҳаштум аст, ки ин озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии озмун ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ мебошад