18- уми апрел дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар озмун ҳунарманду кадбонуҳо аз ҷамоату деҳоти ноҳия…
18- уми апрел дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар озмун ҳунарманду кадбонуҳо аз ҷамоату деҳоти ноҳия маҳорати баланди худро дар омода намудани хӯрокҳои миллӣ, ороиши дастархон ва пешниҳоди фарҳанги хонаводагӣ ба намоиш гузоштанд. Таомҳои омоданамуда на танҳо бо лаззати хос, балки бо тарзи зебои ороиш ва риояи суннатҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва меҳмононро ҷалб намуд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳар як иштирокчӣ аз рӯйи меъёрҳои муайян — маҳорати пухтупаз, тарзи пешниҳоди таом, тозагӣ, навоварӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ баҳо дода, сатҳи омодагии иштирокчиёнро баланд арзёбӣ карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанги хонаводагӣ ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа нақши муҳим дошта, барои эҳёи суннатҳои неки ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.