Дар асоси Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тоҷикобод бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" баргузор гардид.
Дар озмун кадбонуҳои минтақаи Рашт аз рӯи шартҳои озмун мазкур ширкат варзида, ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гадиданд.
Инчунин аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ғолибони даврӣ ноҳиявии озмуни мазкур бо дипломи дараҷаи 1, 2, 3 ва туҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақсади асосӣ аз баргузории озмун ин омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, завқи дастархонороӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Ҳадафи дигари ин озмун ҳавасмандгардонии кадбонуҳо, занони соҳибзавқу ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, зиёд намудани ҷойҳои кории нав, шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.