Бо мақсади тарғибу ташвиқи сару либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ дар шаҳри Роғун дар доираи баргузории Озмуни…
Бо мақсади тарғибу ташвиқи сару либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ дар шаҳри Роғун дар доираи баргузории Озмуни Ҷумҳуриявии "Кадбонуи беҳтарин" аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
Дар ин аксия намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, занону бонувон ва дигар кормандони ташкилоту корхонаҳо, бахшу шуъбаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо либосҳои анъанавии тоҷикӣ, ки зебоӣ ва рангорангии фарҳанги миллиро таҷассум менамоянд фаъолона ширкат варзиданд.
Дар доираи ин иқдом либосҳои миллии тоҷикона, аз ҷумла атлас, чакан ва дигар намунаҳои сару либоси миллӣ муаррифӣ карда шуданд.