8 апрели соли 2026 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Иштирокчиён бо пешниҳоди коллексияҳои гуногуни либосҳои миллӣ ва муосир…
8 апрели соли 2026 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.
Иштирокчиён бо пешниҳоди коллексияҳои гуногуни либосҳои миллӣ ва муосир маҳорати баланди худро нишон дода, таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва тамошобинонро ҷалб карданд.
Дар ҷамъбасти озмун ғолибон аз рӯи номинатсияҳои гуногун муайян гардида, бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ҷойи аввал насиби шаҳри Хоруғ гардида, ҷойи дуюмро ноҳияи Дарвоз ва ҷойи сеюмро ноҳияи Рушон ишғол намуданд.
Ҳамчунин, дигар иштирокчиён низ бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, дар Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» гузаронида мешавад.
Фестивал озмун бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат роҳандозӣ гардида, имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.