eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
Гусели ботантанаи наваскарон
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти района Сино города Душанбе
Новости
Гусели ботантанаи наваскарон
1 апреля 2026
Гусели ботантанаи наваскарон
Имрӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026, №1143 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати…
Previous slide
Next slide
Имрӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026, №1143 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии муҳими сиёсӣ — «Рӯзи даъватшаванда» ва маросими рӯзи аввали гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе
дар фазои тантанавӣ ва руҳбаландкунанда баргузор гардида, бо садои карнаю сурнай ва барномаи рангини фарҳангӣ ҳусни тоза касб намуд. Дар ин рӯз теъдоди назарраси ҷавонони бонангу номуси ноҳия ихтиёран барои адои қарзи шаҳрвандии худ — хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Дар маросими тантанавӣ муовинони Раиси ноҳия Бахтиёр Шарифзода, Фаррух Хусравзода, инчунин дигар масъулини ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, навдаъватшудагон ва падару модарони онҳо иштирок варзиданд.
Зимни суханронии худ масъулин таъкид намуданд, ки ҳимояи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва ватандӯстист. Ҳамзамон, ба падару модарони навдаъватшудагон барои тарбияи чунин фарзандони шуҷову далер изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардид.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои наваскарон дастархони идона ороста шуда, барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки ҳунармандон пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.
Дар анҷом, наваскарон дар фазои тантанавӣ, бо руҳияи баланди идона ва дуои неки падару модарон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, бо эҳсоси ифтихор ва масъулияти баланд роҳи ҳимояи Ватанро пеш гирифтанд.
Единый портал государственных услуг