Дар Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 23 сентябри соли 2026 ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон, фароҳам овардани шароити мусоид…
Дар Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 23 сентябри соли 2026 ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти онҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби аҳолӣ ба касбу ҳунар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии тоҷикон на танҳо барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ, балки барои рушди иқтисодӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ низ аҳамияти муҳим доранд. Бо ин мақсад, дар солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар панҷ соли охир ба 20 нафар ҳунарманд аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба маблағи умумии 1 миллиону 180 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, дар солҳои 2024–2026 ҳаҷми умумии грантҳои президентӣ барои ҳунармандон 1,5 миллион сомониро ташкил дода, ба ҳар як ҳунарманд ба ҳисоби миёна 50 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Дар ноҳия ҳунарҳои хонагӣ ва авлодӣ низ рушд намуда, айни замон 136 нафар ҳунармандон дар хонаҳои худ ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун машғул мебошанд. Аз ҷумла, онҳо ба дӯхтани либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сохтани гаҷкорӣ ва сандуқ, пухтани навъҳои гуногуни нонӣ ва қаннодӣ ва дигар намудҳои ҳунар фаъолият доранд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди ноҳия аз 64 бино 56 бино фаъолияти ҳунармандӣ дошта, 8 бинои дигар дар марҳилаи баррасии қарор оид ба истифода қарор доранд. Дар Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» 204 нафар ҳунарманд ба қайд гирифта шудаанд, ки миёни онҳо 15 нафар занони имконияташон маҳдуд низ ҳастанд. Онҳо ба ҳунарҳои бофандагӣ, нақшу нигор бо санг ва дигар намудҳои ҳунармандӣ машғул мебошанд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаи ҳамкорӣ бо шуъбаю сохторҳои
ҷиҳати ҷалби бештари занону бонувон ба касбу ҳунар баррасӣ гардид. Дар ин замина, аз аввали соли ҷорӣ 92 нафар занону бонувони хонашин ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунар ҷалб гардида, бо сертификатҳо таъмин шудаанд.