Диққат: Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2026 доир мегардад! Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №АП-862, дар нимаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи…
Диққат: Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2026 доир мегардад!
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №АП-862, дар нимаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Сино озмуни "Шоҳномахонӣ" баргузор мегардад.
Ин иқдом таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ба мероси мондагори Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ роҳандозӣ шудааст.
Ҳадафи озмун:
Омӯзиш ва тарғиби шоҳ асари безаволи "Шоҳнома";
Дарёфти истеъдодҳои нав ва суханварони хушбаён;
Баланд бардоштани сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонон ва намояндагони касбу кори гуногун.
Замони баргузорӣ:
Даври ноҳиявии Озмун дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2026 гузаронида мешавад.
Кӣ метавонад иштирок кунад?
Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён ва сокинони ноҳияи Сино, ки ба эҷодиёти устод Фирдавсӣ алоқаи хос доранд, даъват карда мешаванд.
Санаи охири қабули ҳуҷҷатҳо: 3 апрели соли 2026, соати 10:00
Рақамҳо барои тамос: 250-30-11, 250-30-16
Сана ва макони баргузорӣ рӯзҳои наздик эълон карда мешавад.