Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Умед Гуреззода ба муносибати ҷашни муқаддасу муҳташами миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамватанони азиз! Сокинони шарафманду сарбаланди ноҳияи Сино! Ҳамаи шуморо…
Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Умед Гуреззода ба муносибати ҷашни муқаддасу муҳташами миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманду сарбаланди ноҳияи Сино!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни пуршукуҳу муқаддас ва муҳташами миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям.
Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои миллӣ, таърихӣ ва тамаддунии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мо соҳиби давлати мустақил, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, Конститутсия, сиёсати мустақили дохиливу хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, соҳиби сарнавишти худ гардидем. Имрӯз бо ифтихор метавон таъкид намуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқаи соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, маънавиёт ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа таъмин гардида, арзишҳои миллӣ пайваста эҳё, ҳифз ва дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Бо шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушди таърихии худ ворид гардид. Дар ин давра кишвар аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадамҳои устувор ба пеш гузошт ва симои шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ дигаргун гардид. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз корҳои созандагиву ободонӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ идома дошта, мардум бо азму иродаи қавӣ ба истиқболи ҷашни муқаддасу бошукуҳи миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ҳар як шаҳру ноҳия, ҳар як маҳалла ва деҳа дар ин корҳои ободонӣ саҳми худро мегузорад. Мардум бо эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ кӯшиш менамоянд, ки зодгоҳу маҳалли зисти худро ободу зебо гардонанд. Сохтмони мактабу муассисаҳои таълимӣ, бунёди беморхонаву марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо, майдонҳои варзишӣ, боғу гулгаштҳо ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба як ҷузъи муҳими ҳаёти имрӯзаи мамлакат табдил ёфтааст. Дар ҳақиқат, имрӯз ҳар як гӯшаи Тоҷикистон симои нав касб кардаистодааст. Ин ҳама натиҷаи сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат мебошад.
Маврид ба зикри хос аст ки дар ин раванд пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии Тоҷикистон бо суръати бесобиқа рушд карда истодааст. Бо ифтихор бояд қайд кунем, ки Душанбе имрӯз на танҳо пойтахти Тоҷикистон, балки яке аз марказҳои муҳими фарҳангиву тамаддунии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Шаҳри мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ симои муосиру замонавии худро боз ҳам бештар нишон медиҳад. Бо талошҳои созанда ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат сол ба сол ба шаҳри зебо, сабзу хуррам ва муосир табдил меёбад. Имрӯзҳо ҳар яки мо шоҳиди он ҳастем, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти азизамон як қатор иншооти бузургу муҳими дорои аҳамияти миллӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Яке аз чунин иншооти муҳими фарҳангӣ Театри миллӣ мебошад, ки ҳамчун як бинои бошукӯҳи фарҳангиву маънавӣ ифодагари таъриху фарҳанг, ҳунар ва арзишҳои пурғановати миллати тоҷик мебошад. Бунёди чунин иншооти муҳташам гувоҳи он аст, ки фарҳанг ва маънавиёт дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Ҳамчунин, яке аз дигар иншооти бузурге, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ин иншооти муҳташам бо ғунҷоиши 30 ҳазор ҷойи нишаст ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, метавонад барои рушди варзиши касбӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварад. Бунёди чунин иншооти бузург моро водор месозад, ки ба ояндаи кишвар бо эътимоди бештар назар кунем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки мо Тоҷикистонро барои наслҳои оянда, барои ҷавонону наврасон месозем ва бояд ба насли оянда давлати ободу зебо ва соҳибиқтидорро ба мерос гузорем. Ин андешаи созанда имрӯз ба як ҳадафи умумимиллӣ табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин ҳисси масъулият дар назди насли оянда мардумро водор месозад, ки дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳатто имрӯзҳо бисёре аз сокинони кишвар ва пойтахт бо ташаббуси худ хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаҳо ва маҳалли зисти худро таъмиру тармим намуда, кӯшиш доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда ва муҳити ободу зебо истиқбол намоянд. Ин ҳама нишонаи муҳаббати мардум ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ соҳаи маориф мебошад. Зеро ояндаи ҳар давлат аз сатҳи маърифат, дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас вобастагии зиёд дорад. Бо шарофати таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба соҳаи маориф имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири таълимиву техникӣ таъмин карда мешаванд. Дар шаҳри Душанбе низ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор муассисаҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд ва сохтмону навсозии муассисаҳои дигар идома дорад. Ин ҳама барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои насли наврас равона гардидааст.
Албатта, дастовардҳои соҳаи маориф танҳо бо сохтмони муассисаҳо маҳдуд намешаванд. Имрӯз дар баробари фароҳам овардани шароити муосир, ба баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва рушди истеъдоди ҷавонон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Мо бояд дарк намоем, ки ҳар як мактаби нав, ҳар як синфхонаи замонавӣ ва ҳар як муассисаи таълимии бунёдшуда, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Ҳамдиёрони зиз!
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ҳар як тоҷик, барои ҳар як шаҳрванди кишвар ва барои ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ҷашни муқаддас ва арзиши бебаҳо мебошад. Зеро миллати тоҷик, ки дорои таъриху тамаддуни чандинҳазорсола аст, баъди солҳои тӯлонии таърихӣ дубора соҳиби давлати мустақили миллӣ гардид. Аз ин рӯ, Истиқлол барои мо танҳо як санаи тақвимӣ нест. Истиқлол рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти бузург дар назди Ватан мебошад. Маҳз ба шарофати Истиқлол имрӯз мо соҳиби муқаддасоти миллӣ, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсияи худ ва дигар рамзҳои давлатдорӣ ҳастем. Мо бояд ин муқаддасоти миллиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеа ҳамеша саҳми худро гузорем. Хусусан, мо, калонсолон бояд ба насли наврас арзиши Истиқлол, Ватан, сулҳу ваҳдат ва давлатдории миллиро дуруст фаҳмонем. Ҷавонону наврасон бояд донанд, ки сулҳу суботи имрӯза худ аз худ ба даст наомадааст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар ин ҷода, ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик аҳамияти хосса дорад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ метавон корҳои бузурги созандагиро амалӣ намуд, иқтисодро рушд дод, илму маорифро пеш бурд ва барои зиндагии шоистаи мардум шароити муносиб фароҳам овард. Имрӯз Тоҷикистон бо ифтихор роҳи созандагии худро идома медиҳад. Мо бовар дорем, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, бо меҳнати содиқонаи мардум ва бо иштироки фаъолонаи ҷавонон Тоҷикистони азизи мо минбаъд низ ба пеш хоҳад рафт.
Дар ин рӯзи муборак мехоҳам ба ҳамаи сокинони пойтахт, аз ҷумла ба сокинони шарафманди ноҳияи синои шаҳри Душанбе, меҳмонон ва сайёҳони азиз, ки дар ин ҷашни бузурги миллӣ ҳамроҳи мо ҳастанд, самимона табрик ва шодбош гӯям.
Ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, файзу баракат, хушбахтӣ ва ободӣ, ба ҷавонони мамлакат неруи созанда, илму дониш ва комёбиҳои нав, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, Истиқлоли ҷовидона ва пешрафту шукуфоии бештар орзу менамоям. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, давлати соҳибистиқлоли мо ободу пешрафта ва миллати тоҷик сарбаланду муттаҳид бошад. Бигзор Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор гузорад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамватанони азиз.