Бо мақсади қадршиносӣ аз фаъолияти самараноки фаъолони ҷомеа ва Шурои маҳаллаҳо аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин раиси маҳалла» роҳандозӣ гардидааст. Тибқи натиҷаҳои фаъолияти корӣ ва…
Бо мақсади қадршиносӣ аз фаъолияти самараноки фаъолони ҷомеа ва Шурои маҳаллаҳо аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин раиси маҳалла» роҳандозӣ гардидааст.
Тибқи натиҷаҳои фаъолияти корӣ ва шартҳои озмун, дар моҳи июли соли 2026 Абдуллоев Рустам, раиси муассисаи минтақавӣ ва идоракунии хизматрасонии фонди манзилии рақами 33-и ноҳияи Сино, ғолиби озмуни «Беҳтарин раиси маҳалла» дониста шуд.
Дар ин замина, Абдуллоев Рустам аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзандааш дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипоснома ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардид.
Чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани масъулияти фаъолони ҷомеа, таҳкими ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва рушди корҳои ободониву созандагӣ дар маҳаллаҳо мусоидат менамоянд