23 сентябри соли 2026 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе" дар толори калони ноҳияи Сино маҷлиси машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи…
23 сентябри соли 2026 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе" дар толори калони ноҳияи Сино маҷлиси машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмидин, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Камолзода Ҷамшед, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, полковник Шарифзода Раҳмидин, муовини якуми Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Беҳрӯз Искандарзода, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Сино, подполковник Умарзода Ҷумабой, муовинони раиси ноҳияи Сино, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, мудирон ва кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, соҳибкорон, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Беҳрӯз Искандарзода баромад намуда, оид ба мавзӯи чорабинӣ ва ҳадафҳои баргузории машқи мукаммал маълумот пешниҳод кард.
Сипас, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Камолзода Ҷамшед, вобаста ба иҷрои машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда маълумоти муфассал ироа намуд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмидин суханронӣ намуда, ба баргузории машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Сино баҳои баланд дода, иҷрои чорабиниҳои пешбинишударо хуб ва саривақтӣ арзёбӣ кард.
Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми чорабинӣ ҳайати роҳбарияти ҷаласа аз техникаҳои махсуси барои иҷрои корҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулодда пешбинишуда, ки дар муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавҷуданд, дидан намуданд. Зимни боздид ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, омодагии онҳо ба иҷрои вазифаҳо ва фаъолияти кормандони масъул мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба вазъи техникаҳо ва сатҳи омодагии онҳо баҳои баланд дода шуд.