Таҷлили ботантанаи Наврӯзи аҷам дар маҳаллаи озодии занон
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе оид ба таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам, дар маҳаллаи Озодии занони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии идона бо риояи оинҳои миллӣ ва…
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе оид ба таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам, дар маҳаллаи Озодии занони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии идона бо риояи оинҳои миллӣ ва суннатҳои неки наврӯзӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ситора Сафарализода, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, раисони маҳаллаҳо, инчунин сокинону фаъолони маҳалла иштирок намуда, аз фазои идонаи чорабинӣ баҳравар гардиданд.
Барномаи идона бо намоиши суннатҳои қадимаи наврӯзӣ, аз ҷумла оростани хони наврӯзӣ, пешниҳоди таомҳои миллии наврӯзӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ рангоранг гардид. Ҳамзамон, намоиши гӯштини миллӣ ҳамчун яке аз анъанаҳои қадимии миллии варзишӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо суруду таронаҳои дилнишин, рақсу бозию саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ идома ёфта, ба ҷамъомад руҳияи идона ва шодмонӣ бахшид. Инчунин, иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ ҷашнро боз ҳам зеботар гардонид.
Чорабинии мазкур бо мақсади эҳё ва тарғиби арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон ва таҳкими ваҳдату ҳамдилии сокинон дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар хотири иштирокдорон таассуроти нек боқӣ гузошт.