17-уми апрел, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» дар кӯчаҳои Борбад 21 ва 22 чорабинии фаҳмондадиҳиро тариқи усули «хона ба хона» баргузор намуданд.
Зимни ин иқдом, бо сокинон оид ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ, тозагию ободонӣ ва нигоҳдории муҳити зист суҳбатҳои муфассал анҷом дода шуд. Ба сокинон тавсия дода шуд, ки ба тозагии гирду атроф диққати ҷиддӣ дода, барои зебову обод нигоҳ доштани маҳалли зист саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, масъулин масъалаи бартараф намудани танӯрҳо аз миёни хонаҳои баландошёнаро низ матраҳ намуда, таъкид карданд, ки чунин ҳолат метавонад боиси ба миён омадани мушкилоти бехатарӣ ва халалдор гардидани симои шаҳр гардад. Ба сокинон тавсия дода шуд, ки танӯрҳоро дар ҷойҳои барои ин мақсад мувофиқ ва бехатар ҷойгир намоянд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин ба пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла риояи қоидаҳои ҳамзистӣ, пешгирии муноқишаҳои оилавӣ ва дигар мавзуъҳои доғи рӯз диққати махсус дода шуд. Масъулин бо сокинон суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дода, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Масъулин зикр намуданд, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва беҳтар намудани шароити зист мусоидат хоҳанд кард.