12-уми май, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои…
12-уми май, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, бахшу шуъбаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис раиси шаҳр масъалаҳои рӯзномаро шарҳ дода, зикр намуд, ки дар машварат масъалаҳои иҷрои қисми даромади буҷет, рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи оила ва Рӯзи ҷавонон, инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Нахуст раиси шаҳр оид ба тағйироти кадрӣ иттилоъ дода, таъйин гардидани Халилзода Нукраро ба вазифаи сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Левакант муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти шуъба бояд дар самти таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор ва касбомӯзии аҳолӣ тақвият дода шавад.
Дар идомаи маҷлис масъалаи иҷрои қисми даромади буҷет ва ҷамъоварии андозҳо мавриди таҳлил қарор гирифт. Ба масъулини Нозироти андоз ва АДСИН супориш дода шуд, ки барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз, пурра таъмин намудани андози иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷрои нақша тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки масъалаи даромади буҷет таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, барои иҷрои пурраи он тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Ҳамзамон фаъолияти бахшҳои омор, иқтисод, амвол ва кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Зикр шуд, ки ҷамъбасти нишондиҳандаҳои оморӣ, пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳо ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳо бояд зери назорати доимӣ қарор дошта бошанд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки нисбати хоҷагиҳо ва корхонаҳое, ки ҳисобот пешниҳод намекунанд, чораҳои дахлдор андешанд.
Дар бахши кишоварзӣ масъалаҳои парвариши пахта, кишти сабзавоту полезӣ, ҷамъоварии ҳосил, пешгирии паҳншавии малах ва таъмини оби полезӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки корҳои агротехникӣ бояд тибқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монда шуда, ҷамъоварии пилла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ сари вақт таъмин карда шавад.
Ҳамчунин ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки фаъолияти насосҳои обкашӣ ва пардохти маблағи об аз ҷониби хоҷагиҳо зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Дар баробари ин, ситоди мубориза бар зидди малах вазифадор гардид, ки мушоҳида ва назоратро дар тамоми ҳудуди шаҳр пурзӯр намояд.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаи ба чарогоҳҳои тобистона сафарбар намудани чорво ва пешгирии зарар расонидани чорвои шаҳрвандон ба заминҳои кишоварзӣ ва дарахтони канори роҳ низ баррасӣ гардид. Раиси шаҳр ба масъулин супориш дод, ки бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар ҳолати такрори қонуншиканӣ нисбати онҳо тибқи қонун чораандешӣ намоянд.