13-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъ ва фаъолияти бунгоҳҳои саломатии ҳудуди ҷамоати деҳоти «Гулистон» боздид намуд. Зимни сафари корӣ раиси шаҳр аз шароити хизматрасонии тиббӣ, сатҳи омодагии кормандони соҳа, таъминоти…
13-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз вазъ ва фаъолияти бунгоҳҳои саломатии ҳудуди ҷамоати деҳоти «Гулистон» боздид намуд.
Зимни сафари корӣ раиси шаҳр аз шароити хизматрасонии тиббӣ, сатҳи омодагии кормандони соҳа, таъминоти муассисаҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ ва вазъи санитарии бунгоҳҳои саломатӣ шинос гардид.
Муминзода Мастура Табарӣ бо табибону кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбат намуда, таъкид кард, ки беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус дар деҳот, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар рафти боздид ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, муносибати нек бо беморон, таъмини тозагӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизоти тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин масъалаи таъмин намудани бунгоҳҳои саломатӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорувории аввалия мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои иловагӣ дода шуданд.
Кормандони соҳаи тандурустӣ иброз доштанд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳр ва беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.
Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиббӣ тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.