13-уми май, дар литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
13-уми май, дар литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Левакант бо иштироки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баррасии як қатор масъалаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, муовини сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Умарзода Аваз, раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Фарух Султонов, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Иброҳимова Наргис ва дигар фаъолону намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун санади муҳими роҳнамо тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, тарбияи ватандӯстии хонандагон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ чунин мулоқотҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, барои баргузории чунин чорабиниҳо изҳори сипос карданд.