13-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз пойгоҳи насосҳои обкаши ҷамоати деҳоти «Гулистон» боздид намуда, бо фаъолияти пойгоҳ ва вазъи таъминоти оби полезиву маишии аҳолӣ аз наздик шинос гардид. Зимни боздид раиси шаҳр бо…
13-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз пойгоҳи насосҳои обкаши ҷамоати деҳоти «Гулистон» боздид намуда, бо фаъолияти пойгоҳ ва вазъи таъминоти оби полезиву маишии аҳолӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид раиси шаҳр бо масъулини соҳа ва кормандони пойгоҳи обкашӣ мулоқот анҷом дода, фаъолияти мунтазами насосҳоро барои таъмини хоҷагидорон ва сокинон бо об муҳим арзёбӣ кард.
Муминзода Мастура Табарӣ таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза масъалаи таъминоти саривақтии об барои заминҳои кишоварзӣ ва эҳтиёҷоти рӯзмарраи аҳолӣ аҳамияти калон дошта, бояд фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ пайваста зери назорат қарор дошта бошад.
Раиси шаҳр ба масъулин дастур дод, ки барои пешгирии мушкилоти марбут ба норасоии об тамоми имкониятҳоро сафарбар намуда, нагузоранд, ки хоҷагидорон ва сокинони қаламрави ҷамоат бе об монанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни боздид ҳолати техникии таҷҳизот, омодагӣ ба мавсими обёрӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зикр гардид, ки таъмини устувори об барои рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Сокинон ва хоҷагидорони маҳаллӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр ба масъалаи обрасонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин иқдомҳоро барои ҳалли мушкилоти мардум муҳим арзёбӣ карданд