13-уми май, тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, дар ҳудуди беморхонаи марказӣ, кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва…
13-уми май, тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, дар ҳудуди беморхонаи марказӣ, кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр рейди муштарак баргузор карда шуд.
Чорабинии мазкур бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон ва иштироки масъулини ШВКД-и шаҳр роҳандозӣ гардида, ҳадафи он пешгирии бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва фаҳмондадиҳӣ вобаста ба напӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб, арзёбӣ гардид.
Зимни баргузории рейд масъулин бо сокинон, бахусус занону ҷавонон суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки ҳифзу эҳтироми фарҳанги миллӣ ва либоси миллӣ яке аз омилҳои муҳими муаррифии миллат ва давлат ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки мақсади чунин чорабиниҳо маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон набуда, балки баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии тақлид ба фарҳангҳои бегона мебошад.
Ҳамчунин зимни суҳбатҳо ба сокинон тавсия дода шуд, ки дар тарбияи фарзандон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Масъулин баргузории чунин корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро барои таҳкими фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.