Раиси шаҳри Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои дахлдор ва масъулини маҳаллӣ аз деҳаи Загертути ҷамоати деҳоти Ваҳдат боздид намуда, бо вазъи баамаломада пас аз сел аз наздик шинос шуд. Зимни сафар роҳбарияти шаҳр аз хонаву…
Раиси шаҳри Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои дахлдор ва масъулини маҳаллӣ аз деҳаи Загертути ҷамоати деҳоти Ваҳдат боздид намуда, бо вазъи баамаломада пас аз сел аз наздик шинос шуд.
Зимни сафар роҳбарияти шаҳр аз хонаву манзилҳо, роҳҳои дохилӣ ва заминҳои кишоварзӣ дидан карда, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуд.
Муминзода Мастура Табарӣ зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар мекунад.
Сокинони деҳа барои таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти шаҳр изҳори сипос намуда, умедворӣ карданд, ки мушкилоти баамаломада дар муҳлати кӯтоҳ ҳаллу фасл хоҳад шуд.