Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият, адолат ва рушди устувори ҷомеа Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияро қабул намудааст. Ин стратегия барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон…
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шаффофият, адолат ва рушди устувори ҷомеа Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсияро қабул намудааст. Ин стратегия барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими қонунгузорӣ равона гардидааст.
Ҳадафи асосии стратегия ташкили низоми самараноки муқовимат ба коррупсия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад. Дар доираи стратегия чораҳои гуногун амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла:
такмили қонунгузорӣ;
баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ;
таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;
рушди ҳукумати электронӣ;
пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақоми ваколатдори давлатӣ буда, барои ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ фаъолият менамояд.
Муқовимат ба коррупсия вазифаи танҳо мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад. Танҳо бо ҳамкории ҷомеа ва давлат метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дода, ҷомеаи одилона ва пешрафтаро бунёд кард.
Fуломова Гулшан-сардори шуъбаи муассисаи давлатии "Мададгори мудофиа"-и Вазорати мудофиаи Ҷумхурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант