Субҳи рӯзи 13-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзили истиқоматии як оилаи ниёзманд дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» боздид ба амал овард. Зимни боздид раиси шаҳр бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда,…
Субҳи рӯзи 13-уми май, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзили истиқоматии як оилаи ниёзманд дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси шаҳр бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гуфта шуд, ки тасмим оид ба бунёди манзили истиқоматӣ барои ин оилаи эҳтиёҷманд чанде пеш бо ибтикори раиси шаҳр ва дастгирии фаъолон гирифта шуда буд. Оилаи мазкур дар шароити вазнини иҷтимоӣ қарор дошта, ду фарзанди маъюбро тарбия менамояд ва солҳои зиёд аз надоштани манзили муносиб ранҷ мекашанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тасмим гирифтааст, ки бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои ин оила шароити арзандаи зиндагӣ муҳайё намояд.
Таъкид гардид, ки тибқи супориши раиси шаҳр, манзили нави истиқоматӣ бояд то таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода гардида, мавриди истифода қарор дода шавад.
Сокинони маҳаллӣ ва фаъолони ҷамоат иқдоми инсондӯстонаву хайрхоҳонаи роҳбарияти шаҳрро намунаи ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ арзёбӣ намуда, барои дастгирии чунин оилаҳо изҳори сипос карданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат дар шаҳри Левакант ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон ва ятимон тадбирҳои гуногуни иҷтимоӣ амалӣ гардида истодаанд