9-уми апрел дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист Аксияи муҳими экологӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Чорабинӣ дар соҳилҳои рост ва чапи дарёи Вахш, ки аз мавзеъҳои…
9-уми апрел дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист Аксияи муҳими экологӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил” баргузор гардид.
Чорабинӣ дар соҳилҳои рост ва чапи дарёи Вахш, ки аз мавзеъҳои зебову сайёҳии шаҳр ба шумор мераванд, роҳандозӣ шуда, ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ равона гардида буд.
Дар рафти аксия кормандони техникии ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуда, соҳили дарёро аз партовҳои гуногун ва дигар омилҳои ифлоскунанда тоза карданд. Иштироки фаъолонаи онҳо нишон дод, ки масъулияти шаҳрвандӣ ва ғамхорӣ нисбат ба табиат дар байни аҳолӣ тадриҷан тақвият меёбад.
Ҳамзамон, дар доираи ин иқдом аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист шиору овезаҳои таблиғотӣ вобаста ба пешгирии ифлосшавии муҳити зист дар мавзеъҳои сайёҳӣ насб карда шуданд. Ин шиорҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии сокинон ва меҳмонон мусоидат менамоянд.
Илова бар ин, ба сайёҳон ва истироҳаткунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба онҳо зарурати нигоҳдории тозагӣ ва эҳтиром ба табиат шарҳ дода шуд.
Масъулини бахши ҳифзи муҳити зист аз тамоми сокинон ва сайёҳоне, ки ба ин мавзеъҳо ташриф меоранд, даъват ба амал меоранд, ки муҳити атрофро ифлос накунанд ва пасмондаҳои ғизо ва дигар партовҳои худро бо худ гирифта, дар ҷойҳои махсус партоянд.
Маврид ба зикр аст, ки гузаронидани чунин аксияҳо дар ҳифзи муҳити зист, беҳдошти ҳолати экологӣ ва тарғиби фарҳанги тозагӣ дар байни ҷомеа аҳамияти калон дошта, метавонад барои наслҳои оянда муҳити солиму зеборо ҳифз намояд.