14-уми феврал, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" чорабинии фарҳангиву маърифатӣ таҳти унвони “Мактаб модар” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин…
14-уми феврал, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" чорабинии фарҳангиву маърифатӣ таҳти унвони “Мактаб модар” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими арзишҳои оиладорӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ арзёбӣ гардид.
Дар чорабинӣ занону духтарони деҳа фаъолона иштирок намуда, бо рӯҳияи болида ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ баромад карданд.
Иштирокчиён бо ба бар кардани либосҳои зебои миллӣ ва пешниҳоди таомҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ фазои чорабиниро рангин гардониданд. Намоиши ҳунарҳои миллӣ аз завқу маҳорати баланди бонувон дарак дода, бори дигар собит сохт, ки зан-модар посдори фарҳангу тамаддуни миллӣ мебошад.
Масъулини бахши кор бо занон ва оила, намояндагони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" ва бахши фарҳанги шаҳр аз намоиши ташкилнамудаи занону духтарон дидан намуда, ба иқдоми мазкур баҳои баланд доданд. Зикр гардид, ки чунин чорабиниҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати оилавӣ нақши муассир доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор занону духтарони фаъол барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъолона изҳори сипос ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Чорабинии “Мактаб модар” дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар мақому манзалати занро ҳамчун тарбиятгари насли солим ва бунёдгузори ҷомеаи обод нишон дод.