Омӯзгор — чароғи роҳи маърифат
«Омӯзгор дар тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа нақши бузург дорад»
Эмомалӣ Раҳмон
Омӯзгор шахсест, ки дар ташаккули маънавӣ ва зеҳнии насли наврас нақши калидӣ дорад. Ҳар як инсон дар зиндагӣ устоде дорад, ки бо сухани нек, донишу таҷриба ва меҳру муҳаббати худ роҳи ӯро ба сӯи илму маърифат боз кардааст. Аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор эҳтироми илму дониш, фарҳанг ва ояндаи ҷомеа мебошад.
Касби омӯзгор аз ҷумлаи пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳо ба ҳисоб меравад. Зеро омӯзгор танҳо дарс намедиҳад, балки дар қалби хонанда ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва инсониро тарбия менамояд. Ҳар як сухани омӯзгор метавонад дар зеҳни шогирд нақш баста, ба интихоби роҳи минбаъдаи зиндагии ӯ таъсир расонад.
Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ин ғамхориҳо моро водор месозанд, ки бо ҳисси баланди масъулият фаъолият намуда, ба таълиму тарбияи насли наврас боз ҳам ҷиддитар муносибат намоем.
Дар МТМУ №9 омӯзгорони соҳибтаҷриба ва ҷавон паҳлу ба паҳлу фаъолият намуда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саҳми арзандаи худро мегузоранд. Мо кӯшиш менамоем, ки дар баробари додани донишҳои муосир, хонандагонро ҳамчун шахсиятҳои босавод, соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос ба камол расонем.
Омӯзгор барои расидан ба ин ҳадафи муҳим бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи донишҳои нав бошад. Замони муосир аз омӯзгор талаб менамояд, ки аз технологияҳои навини таълим самаранок истифода бурда, дарсҳоро бо усулҳои ҷолибу замонавӣ баргузор намояд. Омӯзгори асил бояд худ омӯзанда бошад, зеро танҳо омӯзгори донишманд метавонад шавқи хонандаро ба донишомӯзӣ бештар намояд.
Мо хуб медонем, ки натиҷаи меҳнати омӯзгор на танҳо дар баҳои хонанда, балки дар рафтору ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳои ӯ дар зиндагӣ инъикос меёбад. Вақте шогирде ба қуллаҳои баланди илму дониш мерасад, соҳиби касбу ҳунар мегардад ва барои ҷомеа шахси муфид мешавад, ин пеш аз ҳама мояи ифтихори омӯзгор аст.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз шогирдони муассисаи мо дар озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва дигар самтҳо фаъолона иштирок намуда, донишу истеъдоди худро нишон медиҳанд. Дар паси ҳар як чунин дастовард меҳнати шабонарӯзии омӯзгор, дастгирии падару модар ва талоши худи хонанда меистад.
Мо — омӯзгорон, бояд рисолати касбии худро бо муҳаббат ва садоқат иҷро намоем. Зеро тарбияи як насли босаводу соҳибмаърифат кори як рӯз нест. Он заҳмати пайваста, сабру таҳаммул ва масъулияти бузургро талаб мекунад.
Бовар дорам, ки омӯзгорони МТМУ №9 минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, донишу таҷриба ва муҳаббат ба касби худ фаъолият намуда, барои тарбияи насли созандаву ободкор саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Омӯзгор бо меҳнати созандааш дари маърифатро ба рӯи наслҳо боз мекунад. Номи ӯ дар хотири шогирдон ҳамеша бо эҳтиром ва сипос ба ёд хоҳад монд. Зеро омӯзгор — чароғи роҳи маърифат ва роҳнамои фардои ҷомеа аст.
Файзуллозода Тоҳир,
директори МТМУ №9