ЗАБОН ЯК РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МУҲТАРАМ НАБИЗОДА ФАРРУХИДДИН АМУРДИН БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИДИ КАСБИИ МАОРИФЧИЁН
Устодони азиз!
Собиқадорони гиромӣ!
Ҳозирини муҳтарам!
Имрӯз мо ду ҷашни арзишманди дорои аҳаммияти муҳимми таърихиву фарҳангӣ ва сиёсӣ - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии маорифчиёнро таҷлил менамоем. Ин ду санаи муҳим дар асл бо ҳам пайванди амиқи маънавӣ доранд, зеро маҳз устодону омӯзгоронанд, ки ҳамчун тарғибгарони асосии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чароғи заковатро дар дили насли наврас фурӯзон нигоҳ медоранд ва сарвати бебаҳои миллат забони модариро аз насл ба насл поку беғубор интиқол медиҳанд.
Бинобар ин, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шумо, устодони фарзона, мураббиёни дилсӯз, собиқадорони соҳаи маориф ва тамоми сокинони сарбаланди ноҳияро самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу субот, осоиш, саодати рӯзгор ва дар кору фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақиятҳои беназир хоҳонам.
Забони давлатӣ, ин танҳо воситаи гуфтугӯ ва муошират нест. Забон шиносномаи миллат, мутарҷими таърихи пурифтихор, ойинаи фарҳанг ва хазинаи маънавии ҳар як халқу давлат аст. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ аз қурраи имтиҳонҳои сахту сангин гузашта, маҳз ба воситаи силоҳи шикастнопазири худ — забони нобу шакарини тоҷикӣ ҳастии худро ҳифз намудааст. Сарфи назар аз тохту този аҷнабиён, сӯзондани китобхонаҳо ва сиёсатҳои маҳвсозии фарҳангӣ, забони мо чун рӯди хурӯшони таърих ҷорӣ гашт ва то ба рӯзгори мо омада расидааст, ки нишона аз иқтидору забони ноби илм будани он шаҳодат медиҳад.
Аз ин рӯ, Рӯзи забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҷашни муқаддаси миллӣ мебошад. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид мекунанд: «Забони модарии мо — забони ширин ва шоиронаи тоҷикӣ, ки таърихи чандҳазорсола дорад, бузургтарин сарвати миллӣ, рукни асосии давлатдории миллӣ ва пойдевори устувори истиқлолияти сиёсии мо мебошад».
Забоне, ки бо он Рӯдакии бузург шеър сурудааст, Фирдавсии бузург «Шоҳнома»-и ҷовидониро офаридааст, Синову Берунӣ кашфиёти ҷаҳонии илмӣ кардаанд ва Мавлонову Саъдию Ҳофиз дунёро бо сарватҳои маънавӣ тасхир намудаанд. Бешак, он рӯҳи зиндаи ниёгони мост. Ҳифз кардан, пок нигоҳ доштан ва ба наслҳои оянда беолоиш супоридани ин ганҷи бебаҳо вазифаи муқаддаси на танҳо устодону забоншиносон, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишварамон низ мебошад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки бархӯрди фарҳангҳо ва тамаддунҳо шиддат гирифтааст, ҳифзи забони давлатӣ беш аз пеш аҳамияти ҳаётию стратегӣ пайдо мекунад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар тамоми муассисаҳо, идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто дар муҳити оила меъёрҳои забони адабиро қатъӣ риоя кунем. Мо бояд нагузорем, ки калимаҳои бегона ва унсурҳои ғайрирасмӣ ба сохтори зебои забони мо роҳ ёбанд.
Агар забонро рӯҳи миллат номем, пас маориф ва мактаб роҳнамои ин рӯҳ ба сӯи рӯшноӣ ва ояндаи дурахшон мебошанд. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро самти афзалиятноки ҳаёти ҷомеа эълон кардааст. Ин беҳуда нест, зеро ояндаи давлат, иқтисодиёт, сиёсат ва амнияти миллӣ аз он вобаста аст, ки мо имрӯз дар мактабҳои худ кӯдакону наврасонро чӣ гуна тарбия мекунем ва ба онҳо чӣ гуна дониш медиҳем.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат тамоми кӯшиш ва имкониятҳои худро барои беҳтар кардани инфрасохтори соҳаи маориф, сохтмон ва таъмири мактабҳо, муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосир ва дастгирии моддию маънавии омӯзгорон равона кардааст. Мо хуб дарк мекунем, ки сармоягузорӣ ба маориф — ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва насли фардосоз мебошад.
Дар тӯли солҳои охир дар ноҳияи мо муассисаҳои нави таълимӣ қомат афрохта, синфхонаҳои компютерӣ ва лабораторияҳои фаннӣ ба истифода дода шуданд. Имрӯз фарзандони сокинони ноҳияи мо имкон доранд, ки дар шароити муосир, бо истифода аз китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ ва бо истифода аз интернет дониш омӯзанд. Аммо ин ҳама заҳматҳо бе меҳнати содиқона ва шабонарӯзии Шумо, омӯзгорони азиз, натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Бинобар ин, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат вазифаи аввалиндараҷаи мову шумо боқӣ мемонад.
Омӯзгорӣ на танҳо касб, балки рисолати бузурги инсонӣ, фидокорӣ ва эҳсоси баланди масъулият дар назди виҷдон, халқ ва Ватан мебошад. Бесабаб нест, ки бузургони мо омӯзгорро ба чароғе шабеҳ додаанд, ки худаш месӯзад, то ба дигарон рӯшноӣ диҳад.
Ҳар як инсони муваффақ дар ҷомеа аз коргари оддӣ то олими намоён, аз табиб то ходими давлатӣ, ҳама маҳсули заҳмату заковат ва тарбияи шумо устодон мебошанд. Хизмати омӯзгор дар ташаккули симои маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа беназир аст. Маҳз шумо, муаллимони азиз, дар қалби шогирдон ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми калонсолонро ҷой мекунед.
Ман имрӯз мехоҳам ба ҳар яки шумо барои сабру таҳаммул, барои фидокорӣ ва барои муҳаббате, ки ба кӯдакони мо ва ба касби худ доред, изҳори сипоси амиқ намоям. Кор ва заҳмати шумо дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо суръати тез тағйир меёбад ва хатарҳои гуногуни идеологӣ насли ҷавонро таҳдид мекунанд, баробари кори як сарбози ватандӯст аст, ки дар сангарҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар меҷангад. Вазифаи шумо ҳифзи марзҳои маънавии миллати мост.
Дар замони муосир танҳо додани донишҳои назариявӣ кофӣ нест. Имрӯз мактаб ва омӯзгор бояд тавонанд, ки шахсияти соҳибмаърифат, соҳибмаҳорат ва дорои тафаккури волои инсониро тарбия кунанд. Мо ба насли ҷавоне ниёз дорем, ки на танҳо бо забони модарии худ озод ва шево сухан гӯяд, балки забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқу табииро низ мукаммал аз худ карда бошад.
Татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”, ки бо ташаббуси Роҳбари давлат эълон шудааст, аз соҳаи маорифи ноҳияи мо низ тақозо мекунад, ки усулҳои таълимро куллӣ дигар кунем. Хонандагони мо бояд аз дониши хушки китобӣ ба сӯи корҳои амалӣ, ихтироъкорӣ ва таҳқиқоти илмӣ қадам зананд.
Дар баробари ин, тарбияи ахлоқии шогирдон масъалаи калидӣ мебошад. Риояи қатъии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» вазифаи муштараки мактаб, оила ва ҷомеа аст. Мо набояд нисбат ба қонуншиканиҳо, оворагардии наврасон ва майли онҳо ба фарҳангҳои бегона бетараф бошем. Муаллим бояд чунон нуфузу эҳтиром дошта бошад, ки сухани у барои хонанда ва волидайни ӯ ҳамчун дастури ҳаёти қабул гардад.
Хурсандиовар аст, ки имрӯз дар байни омӯзгорони ноҳияи мо устодони соҳибтаҷриба, Аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони лаёқатманде ҳастанд, ки бо усулҳои нави таълим дарс мегӯянд. Шогирдони мактабҳои ноҳияи мо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок карда, ҷойҳои сазоворро ишғол намуда, номи ноҳияро баланд мебардоранд. Ин натиҷаи меҳнати софдилонаи шумост ва мо бо шумо ифтихор мекунем!
Аммо, мо набояд бо ин дастовардҳо қонеъ шавем. Дар назди мо ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили норасоии кадрҳои соҳибихтисос дар баъзе мактабҳои дурдаст, зарурати боз ҳам беҳтар кардани сатҳи омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, баланд бардоштани шавқи хонандагон ба китобхонӣ истодаанд. Ногуфта намонад, ки Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва “Шоҳномахонӣ” беҳтарин имконият барои кашфи соҳибистеъдодҳо буда, бо ин восита сатҳи маърифатнокии сокинони ноҳияро баланд мебардорем.
Имрӯз фурсати муносиб аст, ки мо ба собиқадорони соҳаи маориф эҳтироми махсуси худро изҳор намоем. Шумо касоне ҳастед, ки дар солҳои душвортарини таърихи кишвар мактабро тарк накардед, рисолати худро содиқона иҷро намудед ва мактаби бузурги таҷрибаро барои насли ҷавони омӯзгорон гузоштед. Хизматҳои шумо ҳеҷ гоҳ аз хотири мо ва шогирдонатон фаромӯш нахоҳанд шуд.
Ҳамзамон, ба омӯзгорони ҷавон муроҷиат карда, гуфтаниям: шумо давомдиҳандагони ин касби шариф ҳастед. Кӯшиш намоед, ки аз таҷрибаи устодони бузург истифода кунед, технологияҳои навро омӯзед ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму дониши нав бошед. Имрӯз давлат ба шумо боварӣ дорад ва ояндаи маорифи ноҳия дар дасти шумост.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намудаанд: Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Дар хотимаи суханронии худ, бори дигар таъкид менамоям, танҳо дар якҷоягӣ, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва меҳнати содиқонаи худ метавонем ба тамоми ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат ноил гардем ва ноҳияамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонем.
Бори дигар, ҳамаи шуморо ба нишони эҳтироми бепоён ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии маорифчиён самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо тандурустии комил, хонаи обод, комёбиҳои беназир дар тарбияи насли наврас ва дастовардҳои нави касбӣ орзумандам. Бигзор чароғи илму маърифат дар ноҳияи мо ва дар тамоми кишвари азизамон ҳамеша фурӯзон бошад ва забону маорифи миллати мо то ҷаҳон ҳаст, ҷовидону зинда бимонанд!
Зиндаву ҷовид бод, Забони модарӣ ва мақоми волои омӯзгор!