САФАРИ ТАЪРИХӢ ВА ҚУДУМИ ФАЙЗБОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Тавре мову Шумо иттилоъ дорем, 4 октябри соли 2026 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз гардид.
Сафари кории Сарвари давлат дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо раванди корҳои созандагию ободонӣ ва иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни муқаддаси миллӣ равона шудааст. Маҳз ба ҳамин хотир мо метавонем гуфт, ки ин сафари Пешвои миллат сафари таърихӣ ва пурбаракт мебошад. Зеро он дар арафаи 35-умин солгарди Љашни миллию таърихии мо рост омада, бо ранҷа намудани қудуми муборакашон танҳо дар ноҳияи Фархори бостонӣ 21 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи марказии ноҳия Сарвари давлатро роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, аҳли зиё ва фарҳанг бо шодиву сурур, муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Аз пазироии гарму самимии сокинони Фархори бостон Пешвои муаззами миллат, руҳу илҳоми тоза гирифта, бо онҳо суҳбати самимию пур аз садоқат анҷом дод.
Истиқболи гарму самимии сокинони ноҳия бозгӯи эҳсоси баланди ватандӯстӣ, сипосгузорӣ ва эҳтироми мардум ба сиёсати созанда ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти давлат мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абармади таърихӣ, Қаҳрамони миллати тоҷик, сарсупурдаи миллату давлат ва ягона нафаре, ки тавонист ба дили ҳар як сокини диёр шуълаи зиндагии босаодатро бедор намояд.
Маҳз бо ҳамин хотир ба истиқболи Сарвари давлат аҳли фарҳангу ҳунари ноҳияи Фархор барномаи бошукӯҳи фарҳангиро пешкаш намуданд. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу таронаҳои миллӣ ва дигар барномаҳои ҳунарӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳикоят мекарданд.
Дар барномаи фарҳангӣ дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ инъикос ёфт.
Имрӯз вилояти Хатлон, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ба шарофати фазои сулҳу субот ва сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон симои худро батадриҷ дигар намуда, ба як майдони бузурги корҳои бунёдкорӣ табдил ёфтааст.
Пешвои мањбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳои 4 ва 5-уми октябр ба ноҳияи Восеъ ва шаҳри бостонии Кўлоб ташриф оварда, як қатор иншоотҳои муҳимро мавриди истифода қарор дода, дар барномаи тетркунонидашудаи аҳли фарҳанги ш.Кӯлоб ширкат варзиданд.
Суҳбатҳои падарона, меҳру садоқати беандоза ва чорабинии бошӯкуҳи фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз хотираи ҳеҷ як нафари мо зудуда нахоҳад шуд. Баръакс аз ташрифи ин марди таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ба минтақаи Кӯлоб мо қабат-қабат гушт гирифта, эҳсоси масъулият, ҳифзи дастовардҳо ва пайравӣ аз корҳо ва сиёсати созандаи ин марди шариф дар вуҷуди мо пайдо гардид.
Қудуми файзбори Пешвои миллат ба вилояти Хатлон, бешубҳа, ба корҳои созандагию ободонӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди минбаъдаи минтақа заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.
Муродбек Муллоев, менеҷери КАТС-и ноҳия