Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ
Имрӯз, 1 октябри соли 2026 назди бинои Комиссариати ҳарбии ноҳия намуди идона дошт. Бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” ва даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Набизода Фаррухуддин Амурдин, муовинони раис, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо, раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия собиқадорон, падару модарон ва наздикони даъватшавандагон ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Сараввал, раиси ноҳия муҳтарам, Набизода Ф.А. баромад намуда, аҳли иштирокчиёни ҳамоиш наваскаронро бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” табрику таҳният гуфта, ба онҳо хизмати софдилона ба Ватани маҳбуб, тани сиҳат ва ҷасорату далерӣ таманно намуд. Гуфта шуд, ки имрӯз дар назди Комиссариати ҳарбии ноҳия ҷавонони ватандўсти ноҳия ихтиёрӣ худро барои ба ҷо овардани қарзи шаҳрвандии худ - хизмати Ватан- Модар омода шудаанд.
Баъдан, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов ибрози андеша намуда, даъватшавандагонро даъват намуд, ки мисли падарону фарзандони вафодори Ватан хизмати ҳарбиро бо сари баланд адо намоянд. Падари даъватшаванда аз зимни баромади худ қайд намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандию шаҳрвандии ҳар як ҷавон ба шумор меравад ва бояд Ватани азизи худро ситқан дӯст дошта, марзу буми онро бояд ҳимоя намоянд.
Дар чеҳраи наваскарон ва падару модар, дӯстону наздикон ва иштирокчиёни ҳамоиш осори шодию хурсандӣ ҳувайдо буд. Ҳамагон шодиву хурсандӣ доштанд.
Ҳамчунин, маросими “ Нонгазон” хеле диданӣ сурат гирифта, духтарони зебои диёр ба наваскарон рӯймолча ҳадя намуданд.
Дастаи ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим бо суруду таронаҳои дилошӯб хотири иштирокчиёни чорабинии “Рӯзи даъватшаванда”-ро болида гардониданд.
Ҷовид Қувватзода